Тоҷикистон ҳаштумин рӯзи бекоронаро пушти сар гузошт
Ҳеч бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудаву вазъияти коронаӣ дар ин кишвар барои ҳаштумин рӯз ҳамчунон сафед аст.
Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар рӯзҳои 5 то 13 январ танҳо дар рӯзи даҳум 3 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон ба сабт расид ва дигар рӯзҳо ҳеч мавриде аз ибтило ба ин беморӣ мушоҳида нашуд.
Бар ин асос теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 13 январ бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониёни Ковид -19 низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.
Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 13 ҳазору 215 нафар беҳбуд ёфтаанд ва се нафар низ дар хонаҳои худ таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.
Бештар бихонед:
- Ҳафтумин рӯзи бекорона дар Тоҷикистон аз оғози январи 2021
- Пешбинии вазири тандурустии Тоҷикистон аз замони поёни корона дар ин кишвар
- Корона дар Тоҷикистон аз нафас афтодааст