Январ 16, 2021 20:10 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ширкати Себистон-2018-созандаи меҳмонхонаи 24 ошёнаро аз пардохти молиёт озод кард
    Эмомалӣ Раҳмон ширкати Себистон-2018-созандаи меҳмонхонаи 24 ошёнаро аз пардохти молиёт озод кард

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармони ҳукумати ин кишвар ширкати " Себистон 2018 "-масъули сохти меҳмонхонаи 24 ошёнаии панҷситора дар шаҳри Душанберо аз пардохти молиёт(андоз) озод кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон , Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин мусавваба ширкати ёдшударо аз пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти масолеҳи сохтмонӣ низ озод карда аст.

 Сохти меҳмонхонаи " Grand Rudaki Tower " дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз соли 2018 оғоз шуда, ки илова бар бинои аслии 24 ошёнаӣ , дорои ду бинои 18 ошёна низ хоҳад шуд.

 Ин меҳмонхона дорои 141 утоқ хоҳад буд ва дар он барои пазириши меҳмонон тамоми шароиту васоили лозимро фароҳам месозанд.

 Гуфта мешавад, ки бо ифтитоҳи ин меҳмонхонаи 5 ситораӣ заминаи пазириши ҳайатҳои сиёсии хориҷӣ низ муҳайё хоҳад шуд.

бештар бихонед

 

Барчасп