Афзоиши қимати сӯхт дар Тоҷикистон
Қимати газ, сухти дизели ва бензин дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, акнун қимати ҳар литр гази мойеъ, ки қаблан 4 сомонӣ буд, ба 4 сомониву 40 дирам расидааст.
Ҳамчунин қимати ҳар литр сухти дизели, ки 6 сомонӣ ба фурӯш мерасид, ба 6 сомониву 60 дирам афзоиш ёфтааст.
Ширкатҳои воридкунандаи сӯхт ба Тоҷикистон муътақиданд, ки афзоиши қиматҳо дар ин кишвар таҳти таъсири афзоиши баҳои нафти хом боло рафтааст.
Бо ин ҳол теъдоде аз кормандони марокизи сӯхтгирӣ мегӯянд, ки дар ҳафтаҳои ахир воридоти сӯхт ба Тоҷикистон коҳиш ёфтаву ин омил сабаби афзоиши қиматҳо шудааст.
Дар рӯзҳои ахир ба далели сардии ҳаво ва маҳдудияти барқ, ангиштсанг низ дар Тоҷикистон гаронтар шудааст.
Тоҷикистон дар соли 2020 аз Русия ва Қазоқистон 430 ҳазор тон гази мойеъ, 180 ҳазор тон бензин ва беш аз 250 ҳазор тон сӯхти дизелӣ (солярка) ворид кардааст.
Бештар бихонед:
- 17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон саҳми сӯхт, гандум ва орд
- Таъсири вируси корона бар нархи сӯхт ва орд дар Тоҷикистон