Дастури Путин барои ҷазби осони коргарони муҳоҷир ба бахши сохту соз
(last modified Tue, 19 Jan 2021 06:54:05 GMT )
Январ 19, 2021 11:54 Asia/Dushanbe
  • Ба дастури Путин аз марти 2021 ҷазби коргарони хориҷӣ ба бахши сохтмонсозии Русия осон мешавад
    Ба дастури Путин аз марти 2021 ҷазби коргарони хориҷӣ ба бахши сохтмонсозии Русия осон мешавад

Раиси ҷумҳурии Русия дастури осонсозии ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба бахши сохтмонсозии кишварашро содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Владимир Путин дастур дода аст, ки кабинаи вазирон то рӯзи аввали моҳи марти 2021 мавзӯи осонсозии ҷазби коргарони хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони ИДМ-ро ба бахши сохтмонсозии кишвараш, ки ба далели густариши Ковид 19 бо буҳрони камбуди нерӯ рӯбарӯ шуда , ҳаллу фасл кунад.

 Ба гузориши Вазорати сохтмонсозии Русия дар ҳоли ҳозир камбуди 1 500 000 коргари муҳоҷир дар бахши сохтусози ин кишвар эҳсос мешавад, ки сокинони бӯмӣ наметавонанд ҷои ононро пур кунанд.

 Коршиносон мегӯянд, ки беш аз 65 дарсад аз наздик ба 2 миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бахши сохтусоз фаъолият мекарданд, ки ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде бекор , иддае ҳам аз Тоҷикистон дар пайи баста шудани марзҳо натавонистанд дар соли 2020 ба Русия раванд.

 Инак бо иҷро нашудани барномаи сохти маскан дар Русия аз баҳори имсол барномаи осонсозии ҷазби дубораи коргарони муҳоҷири хориҷӣ бо мурооти муқаррароти беҳдоштӣ амалиётӣ хоҳад шуд.

бештар бихонед: