10 рӯзи бекорона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60944
Тоҷикистон дар 10 шабонарӯзи ахир ба лиҳози ибтилои мардум ба вируси корона вазъияте комилан сафед доштаву ҳеч мавриди ҷадиде аз ин беморӣ дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 20, 2021 22:27 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар 10 шабонарӯзи ахир ба лиҳози ибтилои мардум ба вируси корона вазъияте комилан сафед доштааст
    Тоҷикистон дар 10 шабонарӯзи ахир ба лиҳози ибтилои мардум ба вируси корона вазъияте комилан сафед доштааст

Тоҷикистон дар 10 шабонарӯзи ахир ба лиҳози ибтилои мардум ба вируси корона вазъияте комилан сафед доштаву ҳеч мавриди ҷадиде аз ин беморӣ дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бар ин асос теъдоди мубталоён ба вируси Ковид - 19 дар Тоҷикистон бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 308 нафар ва шумори ҷонбохтагони Ковид -19 низ то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 20 январ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.

Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 13 ҳазору 218 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин 3 нафар, ки дар хонаҳояшон таҳти назорати табибон дармон мешуданд, беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед: