Коргарони муҳоҷири тоҷик омода шаванд
Ҳукумати Русия барои вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик муҷаввиз содир кард.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», Эрик Файзулин, вазири сохтмонсозӣ ва хадамоти шаҳрии Русия гуфт: Ҳукумат муқаррароти вуруди коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон барои бахши сохтимонсозиро содир кард.
Вай баён дошт: «Дар ин замина комиссияи вижае таъсис шудааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркия барои иҷрои барномаи ҷазби коргарони хориҷӣ ба бахши сохтусози Русияро баррасӣ хоҳад кард».
Чанд рӯз қабл Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дастур дода буд, ки кобинаи вазирон то рӯзи аввали моҳи марти 2021 мавзӯи осонсозии ҷазби коргарони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба бахши сохтмонии кишвараш, ки ба далели густариши КОВИД -19 бо буҳрони камбуди нерӯ рӯ ба рӯ шудааст, ҳаллу фасл кунад.
Ба гузориши Вазорати сохтмонсозии Русия, дар ҳоли ҳозир камбуди як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷир дар бахши сохтусози ин кишвар эҳсос мешавад, ки сокинони бумӣ наметавонанд ҷойи ононро пур кунанд.
Коршиносон мегӯянд, ки беш аз 65 дарсад аз наздик ба 2 миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бахши сохтмон фаъолият мекарданд, ки ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде бекор шуданд ва иддае ҳам аз Тоҷикистон дар пайи баста шудани марзҳо натавонистанд дар соли 2020 ба Русия раванд.
Бештар бихонед:
- Замони бозгашти коргарони муҳоҷир ба Русия эълом шуд
- Коҳиши 37 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон