Январ 23, 2021 13:35 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷаҳонӣ , рушди пуршитоби ҷамъияти Тоҷикистонро бомбаи соъатӣ эълом карда аст
    Бонки ҷаҳонӣ , рушди пуршитоби ҷамъияти Тоҷикистонро бомбаи соъатӣ эълом карда аст

Шаҳрдории Душанбе эълом кард, ки дар моҳи апрели соли 2020 ҷамъияти пойтахти Тоҷикистон ба 877 ҳазор нафар расида аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , бар асоси ин омор бидуни муҳосибаи 8 моҳи боқимондаи соли 2020 ҷамъияти шаҳри Душанбе дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 наздик ба ду дарсад афзоиш ёфта аст.

Гуфта мешавад, ки то моҳи апрели соли 2020 дар пойтахти Тоҷикистони 4 ҳазору 98 нафар мутаваллид шудаанду шумори афрод фавтшуда ба 678 нафар расида аст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 бонки ҷаҳонӣ , рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди иштиғолу коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад , бомбаи соъатӣ эълом карда буд.

 Аз нигоҳи коршиносони бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле, ки сеяки ҷамъияти беш аз 9 миллиону 400 ҳазор нафарии Тоҷикистонро навҷавонон то 14 сол ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам душвор шуда аст , мақомоти Душанбе бояд барои танзими рушди ҷамъият барномарезӣ кунанд.

  Тоҷикистон бо рушди солонаи 2 дарсад ҷамъият дар миёни кишварҳои узви ИДМ ва Осиёи марказӣ дар мақоми нахуст афзоиши ҷамъият қарор дорад.

 Ба гуфтаи коршиносони умури ҷамъият дар соли 2023 ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп