Январ 24, 2021 12:27 Asia/Dushanbe
  • Генерал Шералӣ Мирзо: дар солҳои ахир шумори мавориди хушунат дар воҳидҳои низомӣ коҳиш ёфтааст
    Генерал Шералӣ Мирзо: дар солҳои ахир шумори мавориди хушунат дар воҳидҳои низомӣ коҳиш ёфтааст

Вазири дифои Тоҷикистон дар ҷамъи намояндагони парлумони ин кишвар вуҷӯди хушунат дар қисмҳои низомии вазоратхонаи таҳти амри худро таъйид кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, генерал Шералӣ Мирзо ҳангоми ироаи тарҳи қонӯни ҷадиди хизмати сарбозӣ ба парлумони Тоҷикистон дар посух ба пурсиши Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ дар бораи вуҷӯди хушунат дар воҳидҳои низомии вазорати дифои ин кишвар, ин мавзӯро таъйид ва аз он ибрози таассуф кард.

Вазири дифои Тоҷикистон дар айни ҳол изофа кард, дар солҳои ахир шумори ин маворид коҳиш ёфтааст ва дар оянда низ талош мешавад то бо барномарезии муназзам замина барои решакан кардани ин падида фароҳам шавад.

Дар ин ҷаласа раиси Ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагон хушунат ва бадрафторӣ дар воҳидҳои низомиро аз далелҳои фирори ҷавонон аз хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон дониста буд.

Хушунат ва бадрафторӣ бо сарбозони тоза дар воҳидҳои низомӣ дар солҳои ахир дар мавориде мӯҷиби маълӯлят ва ҳатто марги сарбозон шудааст.

Коршиносони тоҷик муътақиданд, ҳамин вазъи номуносиби иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва вуҷӯди хушунат дар воҳидҳои низомӣ сабаб шудааст, ки ҳамасола ҳазорон нафар аз ҷавонони воҷиди шароити хизмат аз Тоҷикистон бигурезанд ва барои кор ба Русия муҳоҷират кунанд, ки албатта дар мавориди бисёре идороти марбута ин афродро боздошт ва ба хизмати сарбозӣ эъзом мекунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп