Коршиноси рус: Хариди хизмат чораи мушкили ҷазби сарбоз нест
Коршиноси умури низомии Русия муътақид аст, ки тасвиби тарҳи Қонуни нави хизмати низомӣ ба порлумони Тоҷикистон низ кумаки чандоне ба беҳбуди ҷазби ҷавонон ба хизмати сарбозӣ нахоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Сергей Кривенко бо ишора ба тасвиби ин қонун дар порлумони Тоҷикистон, ки хариди хизмати сарбозиро дар кишвар расмӣ кард мегуяд : « Ин иқдом низ наметавонад ба фирори ҷавонон аз хизмати низомӣ поён диҳад, зеро дар шароити феълии буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон на ҳама аз тавони молии кофӣ барои хариди хизмати сарбозӣ бархурдоранд.»
Кривенко мегуяд : «Танҳо роҳи ҳалли ин мушкил дар Тоҷикистон иҷрои барномаи хизмати қарордодӣ аст, ки низомиёни омӯзишдидаву касбӣ бо дарёфти маош дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар хизмат кунанд. Зеро дар Русия ва теъдоде аз дигар кишварҳо акнун хизмати низомӣ бар асоси қарордод ва сирфан барои низомиёни ҳирфаӣ ё касбӣ аст, ки муҷиби тақвияти тавони дифоии нерӯҳои мусаллаҳ мегардад.»
Ин дар ҳоле аст, ки хушунату бадрафторӣ бо сарбозони тозаворид дар қисмҳои низомии Тоҷикистон дар солҳои ахир дар мавридҳое муҷиби маъюбӣ ва ҳатто марги сарбозон шуда аст ва ахиран генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон дар ҷамъи намояндагони порлумон вуҷуди хушунат дар қисмҳои ҳарбии вазоратхонаи таҳти амри худро таъйид ва аз он ибрози таассуф кард.
Муҳри таъйиди вазири дифои Тоҷикистон бар вуҷӯди хушунат дар воҳидҳои нзомӣ
Коршиносони тоҷик муътақиданд ҳамин вазъи номуносиби иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ва вуҷуди хушунат дар воҳидҳои низомӣ сабаб шуда аст, ки ҳамасола ҳазорон нафар аз ҷавонони дорои шароити хизмат аз Тоҷикистон бигурезанд ва барои кор ба Русия муҳоҷират кунанд, ки албата дар мавориди бисёре коммисариятҳои ҳарбӣ ин афродро боздошт ва ба сурати иҷборӣ ба хизмат равона мекунанд.
Бештар бихонед:
- Хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон: Эъломи ҷазби 80 дар садӣ ва шикоят аз эъзомҳои иҷборӣ
- Поёни даъвати ҷавонон барои хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон