Таъкиди раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бар пешгирӣ аз шиканҷа дар идораҳои полис
(last modified Mon, 25 Jan 2021 17:33:40 GMT )
Январ 25, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
  • Рустами Эмомалӣ сахттар кардани назорат бар риояти ҳуқуқи зиндониёнро хостор шуд
    Рустами Эмомалӣ сахттар кардани назорат бар риояти ҳуқуқи зиндониёнро хостор шуд

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз додситони кулли ин кишвар хост, барои поён додан ба шиканҷаи афроди боздоштшуда дар идороти полис чораандешӣ кунад.

Ба гузориши дафтари матбуотии Парламенти Тоҷикистон, дар панҷумин нишасти Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ки бо ҳузури додситони кулли ин кишвар баргузор шуд, Рустами Эмомалӣ аз Юсуф Раҳмон хост, ки барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва қочоқи инсон барномарезӣ кунад.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин хостори назорати Додситонии кулли Тоҷикистон барои поён додан ба шиканҷаи афроди боздоштшуда дар идороти полис, ташдиди назорат бар риояти ҳуқуқи зиндониён ва ҷилавгирӣ аз хушунату бадрафторӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳ шуд.

Ҳамчунин Юсуф Раҳмон дар ҷамъи намояндагони Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар бораи назорат бар иҷрои қонунҳои ҳуқуқӣ дар соли 2020 гузориш дод.

Дар ин нишаст намояндагони Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ҷазби шаҳрвандони ин кишвар ба сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, тақвияти амнияти фазои кибернетӣ, коҳиши мизони ҷурму ҷиноят дар миёни ҷавонон ва решакан кардани фасоду ришвахорӣ дар идороти давлатӣ баҳсу табодули назар карданд ва гузориши додситони кулли ин кишварро дар бораи иҷрои қонунҳои ҳуқуқӣ дар соли 2020 тасвиб карданд.

 

Бештар бихонед: