Муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба 14 соли зиндон маҳкум шуд
(last modified Fri, 29 Jan 2021 16:06:02 GMT )
Январ 29, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳукми 14 сол зиндон ба муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон
    Эъломи ҳукми 14 сол зиндон ба муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои Муҳаммадмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти ба 4 соли зиндонро содир кард.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, намояндаи додситонӣ аз додгоҳ хоста буд, ки бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноятии Тоҷикистон барои иттиҳоми авбошӣ 6 сол ва иттиҳоми даъват ба ифротигарӣ 9 сол ва дар маҷмуъ ба муддати 15 сол Муҳаммадмурод Одинаевро ба зиндон маҳкум кунад.

Аммо Додгоҳ Одинаевро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон бо сангин хондани ин ҳукм гуфтааст, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ дар додгоҳ ҳузур надоштанд. Қаблан дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Муҳаммадмурод Одинаев омада буд: “Вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хидмати сарбозӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хонда, бо кормандони қисми ҳарбии ноҳияи Ҳисор даргир шуда ва бо расидани маъмурони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст. Одинаев рӯзи 5 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе боздошт шуд”.

Ҳамчунин Ҳабибуллоҳ Ризоев, писари Муҳаммадмурод Одинаевв ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ ба иттиҳоми авбошӣ маҳкум шудааст. Гуфта мешавад, ки Муҳаммадмурод Одинаев дар додгоҳ иттиҳомотро рад кардаву эълом намудааст, ки ҳукм ғайриодилона мебошад, вале ба Худованд умед дорад.

 

Бештар бихонед: