Парвози нахустин гурӯҳи коргарони сохтмонсозии тоҷик ба Иркутски Русия
(last modified Sat, 30 Jan 2021 17:10:38 GMT )
Январ 30, 2021 22:10 Asia/Dushanbe
  • Дар тӯли 10 моҳ бори аввал муҳоҷирони кории тоҷик тавонистанд ба Русия парвоз кунанд
    Дар тӯли 10 моҳ бори аввал муҳоҷирони кории тоҷик тавонистанд ба Русия парвоз кунанд

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз сафари 170 коргари тоҷик барои фаъолият дар бахши сохтмонсозии вилояти Иркутски минтақаи Сибири Русия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат ва муҳоҷирату шуғли аҳолии Тоҷикистон, бори нахуст тайи 10 моҳи ахир ин муҳоҷирони корӣ бо ҳавопаймо ба мақсади худ дар Русия расиданд.

Онон нахустин гурӯҳ аз 434 нафаре мебошанд, ки бо ҳавопаймо ва бо ҳазинаи ширкатҳои сохтмонсозии вилояти Иркутски Русия ба ин минтақа мунтақил шуданд.

 
Бар асоси тавофуқи Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон бо 3 ширкати сохтмонсозии вилояти Иркутски Русия ҳазинаи ду ҳафтаи карантин, иқомат дар хобгоҳ, ғизо ва суғуртаи коргарони тоҷикро корфармоёни рус пардохт мекунанд.

Ин коргарон ба муддати 14 рӯз дар ду бемористони шаҳри Иркутск ба муддати 14 рӯз карантин ва баъдан ба маҳалли корашон эъзом мешаванд.

Марзҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия аз рӯзи 18 марти соли 2020 ба далели густариши вируси корона баста шуда ва то кунун танҳо парвозҳои чартерӣ (дарбаст ) анҷом мешуд.

Вазорати сохтмонсозии Русия эълом кардааст дар ҳоли ҳозир камбуди як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷир дар бахши сохтусози ин кишвар эҳсос мешавад, ки сокинони бумӣ наметавонанд ҷойи ононро пур кунанд.

 

Бештар бихонед: