Тадвини барномаи тавсеаи заминшиносӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 31 Jan 2021 17:18:00 GMT )
Январ 31, 2021 22:18 Asia/Dushanbe
  • Тадвини барномаи тавсеаи заминшиносӣ дар Тоҷикистон
    Тадвини барномаи тавсеаи заминшиносӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон қасд дорад барои 10 соли оянда барномае барои тавсеаи риштаи заминшиносӣ тадвин кунад.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Авесто, қарор аст иҷрои ин барномаи давлатӣ баъд аз тадвин то соли 2030 идома ёбад.

Ҳадафи ин барнома рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард мебошад.

Ин барномаи давлатӣ дар асоси таҳлили захираҳо ва ҳаҷми омӯзиши заминшиносӣ ( геологӣ )таҳия карда мешавад.

Тибқи омори кунунӣ, дар ҳоли ҳозир тақрибан 600 маъдан ва 800 макони нигоҳдории маъданҳо дар Тоҷикистон кашф ва тадқиқ карда шудаанд, ки ҳадди аққал 60 намуди ашёи хоми минералӣ ва ғайриминалиро дар бар мегиранд.

Вазорати саноати Тоҷикистон инчунин гуфт, ки то имрӯз танҳо 27 дарсад аз ин захираҳо истихроҷ ва коркард шудаанд. Соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи 689 миллион доллар металлҳои қиматбаҳо содир кард, ки ин нисбат ба соли 2019 се маротиба афзудааст.