Дарёфти шаҳрвандии Русия аз сӯи тоҷикон 30 дарсад бештар шуд
(last modified Mon, 01 Feb 2021 17:27:12 GMT )
Феврал 01, 2021 22:27 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 беш аз 63 ҳазор ва соли 2019 ҳудуди 44 ҳазор тоҷик тобеияти Русия дарёфт карданд
    Дар соли 2020 беш аз 63 ҳазор ва соли 2019 ҳудуди 44 ҳазор тоҷик тобеияти Русия дарёфт карданд

Теъдоди тоҷиконе, ки дар соли 2020 шаҳрвандии Русия гирифтанд, нисбат ба соли 2019 ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», дар соли 2020 наздик ба 650 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ тобеияти Русия дарёфт кардаанд, ки 63 ҳазору 400 нафар аз онон тоҷик ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2019 ҳудуди 44 ҳазор нафар аз тоҷикҳо шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд.

Дар соли 2020 наздик ба 410 ҳазор украинӣ муваффақ ба дарёфти тобуияти Русия шудаанд ва тоҷикҳо дар мақоми дувум қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин дар соли 2020 наздик ба 43 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон тобеияти Русияро дарёфт кардаву ҷойгоҳи сеюмиро ба худ ихтисос додаанд.

Чанде қабл Вазорати умури дохилии Русия дар бораи ислоҳияи қонуни дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои атбои хориҷӣ, ки аз аввали имсол амалӣ шуд, тавзеҳ дод.

Бар асоси ин банд аз қонун, дарёфти тобеияти Русия барои мутахассисон бо як сол иқомат дар ин кишвар қонунӣ шудааст, ки қаблан 5 сол буд.

 

 Бештар бихонед: