Апрел 04, 2022 11:11 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикҳо дар дарёфти шаҳрвандии Русия дувум шуданд

Тоҷикҳо пас аз шаҳрвандони Украина бештарин тобеияти Русияро дар соли 2021 дарёфт карданд.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, бар асоси ин радабандӣ дар соли 2021 шаҳрвандони Арманистон сеюм ва қазоқҳо чаҳорум шуданд.

Гуфта мешавад, дар соли 2021 теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки тобеияти Русияро дарёфт карданд, 79 ҳазор нафар бештар аз 2020 будааст.

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2020 ба беш аз 64 ҳазор нафар аз тоҷикҳо тобеияти Русия эъто шуд, ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2019 ҳудуди 44 ҳазор нафар аз тоҷикҳо тобеияти Русияро дарёфт карданд.

Устоди риштаи иқтисод ва ҷамъият дар Донишгоҳи давлатии Маскав далели аслии афзоиши мутақозиён дарёфти тобеияти Русия аз Тоҷикистон дар солҳои ахирро вуҷуди созишномаи дутобеиятӣ миёни Душанбе ва Маскав унвон карда буд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои хонаводаҳои онон заминаи муҳоҷират ба Русия барои кору зиндагиро фароҳам мекунад.

 

 

 

 

Барчасп