Додситонии кулли Тоҷикистон Хӯҷа Каримовро ба 20 ҷинояти куштор муттаҳам кард
Додситонии кулли Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, аз фармондеҳони Фронти халқӣ дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар дар солҳои 1992 то 1997-ро ба 20 ҷинояти куштор муттаҳам кардааст.
Ба гузориши сомонаи Авесто, Додситонии кули Тоҷикистон аз ирсоли парвандаи ин Хӯҷа Каримов ба додгоҳ хабар дода ва иттиҳоми қатли 20 нафар ба дасти вай дар даврони ҷанги дохилии ин кишварро таъйид кардааст.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар соли 1999 алайҳи Каримов ба иттиҳоми ҷиноёти сангине, аз ҷумла қатлу куштор, ғоратгарӣ, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон ( 1992-1997) парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд, вале вай билофосила ба Малайзия гурехт ва ҳудӯди ду даҳа ба сӯрати пинҳонӣ дар кишварҳои мухталиф басар бурд.
Каримов то соли 1999 муовини аввали фармондеҳи гурӯҳи вижаи Вазорати дифои Тоҷикистон, намояндаи маҷлиси қонунгузорӣ ва раиси федерасиюни футболи ин кишвар буд ва пас аз ду даҳа фирор аз Тоҷикистон ба дархости ин кишвар бо ҳамкории пулиси Иморот дар моҳи феврали соли 2020 аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД: