Маҳдудияти 5 рӯзаи рафту омад дар роҳҳои вилояти Суғд
(last modified Tue, 02 Feb 2021 11:15:32 GMT )
Феврал 02, 2021 16:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракати васоили нақлия дар теъдоде аз роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ба муддати 5 рӯз маҳдуд мешавад
    Ҳаракати васоили нақлия дар теъдоде аз роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ба муддати 5 рӯз маҳдуд мешавад

Ҳамзамон бо сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд ҳаракати васоили нақлия дар теъдоде аз роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он ба муддати 5 рӯз маҳдӯд мешавад.

Ба гузориши сомонаи Пресса тҷ, Эмомалӣ Раҳмон аз имрӯз сешанбе дувуми феврал сафари 5 рӯзаи худро ба вилояти Суғд оғоз мекунад.

Ҳадаф аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ширкат дар ҷашни Сада ва ифтитоҳи чанд тарҳи санъатӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ унвон шудааст.

Баҳрабардорӣ аз корхонаи фароварии пиёз, ифтитоҳи боғи ҷадиди мева дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баҳрабардорӣ аз корхонаи равғанкашӣ ва ширкат дар намоишгоҳи дастовардҳои бахши кишоварзӣ ва домдорӣ, аз ҷумлаи барномаҳои сафари эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аст.

Ба ин муносибат идораи пулиси роҳи вилояти Суғд бо интишори иттилоияе аз ронандагону сокинони шаҳри Хуҷанду ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Гулистону Бӯстон хоста аст, ки ба муддати 5 рӯз барои рафту омад аз дигар роҳҳо истифода кунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: