Масъулияти дигар барои президент: Иҷозаи ҳимоят намудани номзадҳои докторӣ
(last modified 2021-02-02T16:57:15+00:00 )
Феврал 02, 2021 21:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши асардуздии мансабдорон ва олимони тоҷик ҳукуматро водор кардааст, ки барои пешгирии он чора андешад
    Афзоиши асардуздии мансабдорон ва олимони тоҷик ҳукуматро водор кардааст, ки барои пешгирии он чора андешад

Мақомоти Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки ҷараёнро ба тариқи нав назорат кунанд, то падидаи зишти асардуздӣ ҳангоми навиштани рисолаҳои докторӣ пешгирӣ карда шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, комиссияи олии дифо аз рисолаҳои докторӣ дар ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли дастуре ба ҳамаи донишгоҳҳои ин кишвар эълом кард, ки аз ин ба баъд ин амр танҳо бо иҷозаи Эмомалӣ Раҳмон имконпазир хоҳад шуд.

Ба далели афзоиши ифшо шудани мавридҳои сирқати илмии донишмандон ва мақомоти давлатии тоҷик ҳангоми навиштани рисолаҳои докторӣ, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз нишастҳои ҳайати давлат дар соли 2019 хитоб ба иӣн мақомот гуфта буд: «Вақте шумо тавони навиштани рисолаи докториро надоред, чӣ лузуме дорад, ки талош  кунед то ба дараҷаҳои илмии боло бирасед?»

Эмомалӣ Раҳмон аз падидаи сирқати илмӣ ба унвони "шармандагӣ барои Тоҷикистон " ёд кардааст.

Бар асоси омори пойгоҳи байналмилалии мубориза бо сирқат ва тақаллуби осори илмӣ (дисернет ) дар солҳои ахир беш аз 40 мавриди сирқати осори илмӣ дар Тоҷикистон ифшо шудааст, ки номи ду муовини нахуствазир, чанд мушовири раёсати ҷумҳурӣ ва даҳҳо устоди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин феҳрист мушоҳида мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп