Нигаронӣ аз олудагии шадиди ҳаво дар Душанбе
Донишмандони муҳити зист аз шиддат ёфтани олудагии ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд ва хостори коҳиши фаъолияти марказҳои ифлоскунандаи ҳаво шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи хабари Азия ( CABAR . asia ), коршиносони ширкати байналмилалии World’s Air Pollution Душанберо дар радифи шаҳрҳои олудаи ҷаҳон ва хатарнок барои саломати инсон муаррифӣ кардаанд.
Бо ин ҳол мутахассисони комитети давлатии муҳити зисти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки вазъи олудагии ҳавоии шаҳри Душанбе аз дигар пойтахтҳо дар Осиёи марказӣ беҳтар мебошад.
Сабаби олудагии ҳавои Душанбе
Корманди идораи муҳити зисти Душанбе Ҳасан Шеров ҳаракати рӯзонаи 80 ҳазор мошин ва партоби 35 ҳазор тонна ифлоскунанда ва дуд ба ҳавои пойтахти Тоҷикистонро аз омилҳои аслии ин мушкил унвон мекунад.
Инчунин фаъолияти ду маркази тавлиди оби гарм ва барқу 24 корхонаи хурди пӯлод дар Душанбе, ки аз сӯзишвории ангишт истифода мекунанд, ба гуфтаи коршиносони экологӣ, боиси ифлосшавии бештар мешаванд.
Аз сӯи дигар то ба ҳол марокизи коркарди пасмонда ва зубола дар шаҳри Душанбе вуҷуд надорад, ки ин мушкил низ заминаи ифлос шудани бештари ҳавои пойтахти Тоҷикистонро фароҳам месозад.
Бештар бихонед: