Ҳушдори Созмони Миллал дар бораи паёмадҳои коҳиши ҳаво дар Афғонистон
(last modified Sat, 14 Jan 2023 08:17:46 GMT )
Январ 14, 2023 13:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Миллал дар бораи паёмадҳои коҳиши ҳаво дар Афғонистон

Дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллал дар Афғонистон дар бораи авоқиби коҳиши шадиди ҳаво дар ин кишвар ҳушдор дод .

Коҳиши ҳаво то сатҳи 35 дараҷаи зери сифр дар бахшҳое аз Афғонистон шароити нигаронкунандаеро барои шаҳрвандони сокини ин манотиқ ба вуҷуд овардааст . Ин дар шароите аст, ки ҷараёни барқ дар бештари вилоёти шимолии кишвар ҳам қатъ шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ово, дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллал дар Афғонистон дируз ҷумъа бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши шадиди ҳаво дар манотиқи мухталифи Афғонистон дар рӯзҳои ахир хостори ҳимояти бештари ниҳодҳои имдодрасон аз ақшори осебпазир шуд .
Дар ҳамин ҳол Созмони Миллал эълом кард : Афғонистон дар лабаи партгоҳ қарор дорад ва беш аз 28 миллион нафар дар ин кишвар дар соли 2023 ниёз ба кумакҳои башардӯстона доранд.