Идомаи муҳокимаи муттаҳамони парвандаи «Ихвоналмуслимин» дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз идомаи муҳокимаи 103 муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи мамнӯаи «Ихвоналмуслимин» хабар дод.
Ба гузориши сомонаи «Авесто», Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарии масъулони Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт: Ба далели теъдоди зиёди муттаҳамони ин парванда бархе аз ҷаласоти додгоҳ ба сурати пӯшида дар боздоштгоҳҳо дар ҳоли баргузорӣ аст.
Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон изофа кард: Аз ин 103 нафар ду тан шаҳрванди Миср ҳастанд, ки ба унвони устодони забони арабӣ дар Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон дарс медоданд ва бақия низ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон бори нахуст дар моҳи январи 2020 аз шиносоии 314 нафар ва боздошти 113 тан аз аъзои «Ихвоналмуслимин» дар ин кишвар хабар доданд, ки бештари онон устодони забони арабии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон буданд.
Гуфта мешавад, ки ба далели маҳрамона будани парвандаи ин афрод, додгоҳи онон пушти дарҳои баста баргузор мешавад.
Фаъолияти гурӯҳи «Ихвоналмуслимин» дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми Додгоҳи Олӣ ба унвони гурӯҳи террористӣ мамнуъ аст ва дар 5 соли ахир теъдоди зиёде аз донишомӯхтагони донишгоҳи Алазҳари Миср ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Бештар бихонед:
- Пайгарди қазоии 73 узви «Ихвоналмуслимин» дар Тоҷикистон
- Оғози муҳокимаи муттаҳамони парвандаи «Ихвоналмуслимин» дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон
- Судури нахустин ҳукм барои боздоштиҳои нави «Ихвоналмуслимин» дар Тоҷикистон