Нархи солярка ва бензин дар Тоҷикистон ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст
Дар идомаи раванди гарон шудани нархи сӯхт(сӯзишворӣ) дар Тоҷикистон,ин рӯзҳо нархи ҳар литр бензину солярка дар ин кишвар аз 7 сомонӣ фаротар рафтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, акнун нархи ҳар литр солярка ва бензин 7 сомониву 2 то 5 дирам таъин шуда, ки дар муқоиса бо моҳи январ 60 дирам, баробар бо 10 дарсад гарон шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин нархҳо дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон бештар аст .
Агар чӣ ширкатҳои воридкунандаи сӯхт ба Тоҷикистон дар бораи иллати афзоиши нархи солярка ва бензин тавзеҳ намедиҳанд, аммо теъдоде аз кормандони нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ мегӯянд, ки дар ҳафтаҳои ахир воридоти сӯхт ба Тоҷикистон коҳиш ва боҷи гумрукиву хароҷоти интиқол дар роҳи оҳан афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон дар соли 2020 аз Русияву Қазоқистон 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва беш аз 250 ҳазор тон солярка ворид кардааст.
Пештар Абдулмаҷид Муъминзод-раиси Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфта буд, ки дар соли 2020 ширкатҳои фурӯши сӯхт ба далели афзоиши беасоси қимати газ, солярка ва бензин 1 400 000 сомонӣ ҷарима шудаанд.
бештар бихонед:
- Афзоиши нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон
-
17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон саҳми сузишвори, гандум ва орд