Феврал 16, 2021 22:17 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳамеша талошҳоро барои сулҳ дар Афғонистон дастгирӣ мекард
    Тоҷикистон ҳамеша талошҳоро барои сулҳ дар Афғонистон дастгирӣ мекард

Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сафар ба Афғонистон бо раиси ҷумҳурӣ, раиси парламент, мушовири амнияти миллӣ, муовини аввали раиси ҷумҳур, вазири умури хориҷа, раиси шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ ва раиси хадамоти амнияти миллии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Сайид Мӯмин Ятимов дар ин дидорҳо дар бораи тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба, масоили амнияти минтақаӣ ва авзои марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо мақомоти давлати Кобул баҳсу табодули назар кард. 

Дар ин дидорҳо талошҳои давлати Кобул барои барқарории сулҳ, охирин таҳаввулот дар музокироти байни гуруҳҳои афғон дар Доха, вазъияти амниятӣ ва мавзеи Тоҷикистон дар бораи раванди сулҳи Афғонистон баррасӣ шуд.

 

Ятимов дар ин дидорҳо таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҳамвора аз талошҳои давлати Афғонистон барои барқрории сулҳ дар ин кишвар ҳимоят мекунад.

 

Раиси кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳамоиши байналмилалии "мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидоти амниятӣ " дар Кобул ширкат ва суханронӣ кард.

Бештар бихонед: 

Барчасп