Феврал 18, 2021 22:20 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон ва Комилов дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон роҳҳои тавсеъаи ин равобитро баррасӣ карданд
    Раҳмон ва Комилов дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон роҳҳои тавсеъаи ин равобитро баррасӣ карданд

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо вазири хориҷаи ҷумҳӯрии Узбекистон, ки ба Душанбе сафар кардааст, дидор кард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор густариши равобит бо Узбекистонро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон унвон кард.

  Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулазиз Комилов дар ин дидор дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон роҳҳои тавсеъаи ин равобитро баррасӣ карданд.

  Ду тараф ҳамчунин бар тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва низ доимӣ шудани тамосҳо ва ҳамкориҳои Душанбе ва Тошканд барои ҳаллу фасли масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ таъкид карданд.

  Дар ин дидор Комилов номаи даъвати Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯрии Узбекистонро барои ширкат дар конфронси байналмиллалӣ «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» ба раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон тақдим кард .

    Бештар бихонед :

 

Барчасп