Боздошти 271 нафар ба иттиҳоми терроризм дар Тоҷикистон
-
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта аз афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар хабар дод
Тоҷикистон боздошти шуморе аз аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар ин кишварро дар соли 2020 таъйид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз боздошти 271 нафар аз аъзои созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла 147 тарафдори созмони « Ихвонул муслимин » дар хоки ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи Раҳимзода, дар соли 2020 ҳамчунин яке аз аъзоии маҳаллии ДИИШ, ки қасди анҷоми иқдоми террористӣ алайҳи мақомоти амниятии ин кишварро дошт, боздошт шудааст.
Вай афзуд: Соли гузашта дар маҷмӯи 2 ҳазору 71 нафар таҳти таъқиби қонунӣ қарор гирифтанд, ки ҳазору 973 тан аз онҳо шиносоӣ ва боздошт шуданд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши вуқӯи ҷурм дар Тоҷикистон дар соли гузашта хабар дод ва изофа кард: Дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2019 теъдоди ҷурми сабтшуда дар Тоҷикистон ҳазору 464 маврид бештар аз соли қабл аз он будааст.
Бештар бихонед: