Феврал 21, 2021 12:32 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси банди 98 қонуни андози Тоҷикистон тамомии ашхосе, ки даромад доранд муваззаф ба пардохти андоз ҳастанд
    Бар асоси банди 98 қонуни андози Тоҷикистон тамомии ашхосе, ки даромад доранд муваззаф ба пардохти андоз ҳастанд

Муовини раиси Хадамоти давлатии андози Тоҷикистон эълом кард тамоми веблогнависони ин кишвар бояд то аввали апрели соли ҷорӣ дар идораҳои андоз номнависӣ кунанд ва аз онон андоз дарёфт хоҳад шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Спутник,Шамсуллоҳ Кабирзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст,ки кормандони Хадамоти давлатии андози Тоҷикистон фаъолияти веблогнависонро баррасӣ карданд ва ба ин натиҷа расиданд, ки аз ин афрод бояд андоз дарёфт шавад, зеро бар асоси банди 98 қонуни андози Тоҷикистон тамомии ашхоси ҳуқуқе, ки даромад доранд сарфи назар аз навъи фаъолияти хеш муваззаф ба пардохти андоз ҳастанд. Аз ин рӯ номаҳое ба тамоми веблогнависон дар дохили Тоҷикистон ирсол шудааст, ки то рӯзи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар идороти андоз сабти ном кунанд ва дар сурати худдорӣ аз ин дархост бо онон бархурди қонунӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи муовини раиси Хадамоти давлатии андози Тоҷикистон дар ин кишвар 29 канал шиносоӣ шуда, ки байни 3 то 19 миллион муштарак доранд, аммо ваӣ аз эъломи мизони андози дарёфтӣ аз веблогнависон худдорӣ кардааст .

 

      Бештар бихонед :

 

Барчасп