Феврал 21, 2021 21:50 Asia/Dushanbe
  • Фавти актёри театр ва синамои тоҷик
    Фавти актёри театр ва синамои тоҷик

Ҳунарманди театр ва синамои Тоҷикистон дар синни 86 солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Носир Ҳасанов, 11 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе таваллуд ва дар соли 1960  Донишгоҳи давлатии театри Маскавро хатм намуд.

 

Вай аз соли 1963 узви Ассотсиатсияи кинематографистон ва театри Тоҷикистон мебошад.

Носир Ҳасанов барои касби унвонҳои "Ҳунарманди Тоҷикистон" (1974) ва "Ҳунарманди халқии Тоҷикистон" (1990) шарафманд гаштааст.

Дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ ӯ дар 60 намоиши театрӣ ва филм нақш офаридааст.

Бештар бихонед: 

Барчасп