Суқути тарма роҳи Хоруғ ба Ишкошимро баст
Комитети давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз баста шудани роҳи шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ишкошим дар пайи суқути тарма дар 16 минтақа хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар баёнияи ин комитет таъкид мешавад, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошта ва акнун хадамоти роҳдорӣ кори бозгушоии ин масирро оғоз кардааст.
Комитети давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод бо гузориши идораи ҳавошиносии кишвар эълом кардааст, ки дар рӯзҳои наздик дар вилояти Бадахшон бориши барфу борон дар назар мебошад.
Гуфта мешавад, ки сардии ҳаво дар шарқи вилояти Бадахшон ва дар наздикии марзи Чин байни 9 то 25 дараҷа хоҳад шуд, аммо дар ғарби вилояти Бадахшон дамои ҳаво шабона то 3 дараҷа сард ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Комитеи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинони вилояти Бадахшон хостааст, ки бидуни зарурат аз сафар худдорӣ кунанду ронандагон низ ҳангоми ҳаракат илова бар доштани занҷири чарх фосилаи мушаххасро барои ҷилавгирӣ аз тасодуф муроот намоянд.
Бештар бихонед: