Феврал 14, 2024 09:02 Asia/Dushanbe
  • Хариди таҷҳизоти вижаи амалиёти наҷотдиҳии фаврӣ бо ҳамкории давлати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд

Таҷҳизоти вижа барои амалиёти наҷотдиҳии фаврӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таслим шуд.

Дар таърихи 12 феврал, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш воҳиди таҷҳизоти вижа барои амалиёти наҷотдиҳии фаврӣ дарёфт кард.

Таҷҳизоти вижа дар чорчӯби пружаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар заминаи мудирияти балоҳои табиӣ харидорӣ шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби барномаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Кумита мошинҳои обӣ барои воҳидҳои наҷотдиҳии кумита дода шуданд.

Тамоми васоили фаннӣ барои аз байни бурдани ба мавқеи авоқиби балоҳои табиӣ, наҷотдиҳии фаврӣ ва соири корҳои фаврӣ фароҳам шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп