Ситоиши вазири кишвари Эрон аз рушди Тоҷикистон дар солҳои ахир
(last modified Tue, 23 Feb 2021 12:49:37 GMT )
Феврал 23, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвари Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ рӯзи 23 феврал аз Академияи полиси Тоҷикистон боздид кард
    Вазири кишвари Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ рӯзи 23 феврал аз Академияи полиси Тоҷикистон боздид кард

Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон. ки дар душанбе ҳузур дорад аз рушди Тоҷикистон дар 5 соли ахир ситоиш кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби сафари худ ба Тоҷикистон аз Академияи полиси ин кишвар боздид кард.

Вазири кишвари Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш мавриди истиқболи гарми мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва академияи полиси ин кишвар қарор гирифтанд. 

Вай аз Раҳмони Фазлӣ пас аз боздид аз бахшҳои ин академия дар ҷамъи устодон ва донишҷӯёни он суханронӣ кард. 

Вай аз вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  бобати ин даъват ва боздиди расмӣ қадрдонӣ кард ва гуфт, ки ҳомили паёми Эрон барои густариш ва тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар дар заминаҳои мухталиф аст. 
    

Раҳмонии Фазлӣ афзуд: «Дар қиёс бо беш аз 5 соли пеш, ки бори аввал аз Тоҷикистон боздид кардам, ин кишвар рушди бисёр хубе доштааст.» 
 

Вазири кишвари Эрон пешрафтҳои Тоҷикистон дар заминаҳои мухталифро натиҷаи талошҳои мардуми ин кишвар ба раҳбарии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон донист. 

Раҳмони Фазлӣ дар бахши дигаре аз суханони худ изҳор дошт: «Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари ҳамзабон, ҳамдин, ҳамфарҳангу муҳимтар аз ҳама ҳамдил ҳастанд. Бинобарин бояд талошҳои лозим анҷом шавад то сатҳи равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо иртиқои матлуб пайдо кунад.» 
  
Вай аз ин ки Академияи полиси Тоҷикистон дорои нерӯи умдатан ҷавон ва варзидааст, ибрози хушҳолӣ кард ва нақши ин зарфияти муносибро барои таъмину ҳифзи амният ва пешрафти кишвар муҳим донист. 

Раҳмон Фазлӣ дар бахши дигаре аз суханони худ ба пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои мухталиф пардохт ва бо ишора ба тавонмандиҳои полиси Эрон эълом кард: «Эрон омодаи тавсеаи ҳамкориҳо бо ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амният марзист.» 

 

Бештар бихонед: