Шарти пазириши донишомӯзон дар мактаби русии Хуҷанд
(last modified Wed, 24 Feb 2021 06:04:50 GMT )
Феврал 24, 2021 11:04 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи Осим Каримзода, 1200 нафар донишҷӯён дар мактаби русии Хуҷанд таҳсил хоҳанд кард
    Ба гуфтаи Осим Каримзода, 1200 нафар донишҷӯён дар мактаби русии Хуҷанд таҳсил хоҳанд кард

Мудири шӯъбаи маорифи Суғд эълом дошт, ки қабули донишҷӯён ба мактабе, ки Русия дар шаҳри Хуҷанд месозад, бар асоси имтиҳонҳо сурат мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Осим Каримзода гуфтааст, ки сохти ин мактаби нав барои ҳазору 200 донишомӯз дар маҳаллаи шумораи 8 шаҳри Хуҷанд оғоз мегардад. 

Ҳукумати Русия ҳазинаи сохти 5 мактабро, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлобу Турсунзода фаъолият хоҳанд кард, таъмин мекунад ва тадрис дар ин мактабҳо бар асоси низоми омӯзишии Русия хоҳад буд. 

Мудири шӯъбаи маорифи вилояти Суғд таъкид кардааст, ки омӯзгорони мактаби рӯси дар шаҳри Хуҷанд аз Русия ва Тоҷикистон интихоб мешаванд, аммо донишҷӯён бар асоси озмуни баргузида хоҳанд шуд. 

Дар канори ин мактабҳо барои омӯзгорону донишҷӯён сохти хобгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони руси дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мактабҳои русӣ дар кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом  мешавад.

 

Бештар бихонед: