Поёни сохти бахши тоҷикистонии хати СASA-1000
(last modified Wed, 24 Feb 2021 15:38:44 GMT )
Феврал 24, 2021 20:38 Asia/Dushanbe
  • Поёни сохти бахши тоҷикистонии хати СASA-1000

Муовини вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон эълом кард, ки сохти бахши тоҷикистонии хати СASA-1000 соли ҷорӣ ба поён мерасад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ҷамшед Шоҳинзода гуфт, сохти тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мавсӯм ба СASA-1000 дар охирҳои соли 2021 ба поён хоҳад расид.

Вай таъкид кард, ҳазинаи сохти бахши тоҷикистонии ин тарҳ ба 314 миллиондоллар аст, ки ин маблағро Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ ва Бонки рушд ва бозсозии Аврупо таъмин хоҳанд кард.

Қаблан вазорати энержӣ ва захоир обии Тоҷикистон эълом карда буд, дар соли ҷорӣ дар бахши тоҷикистонии ин тарҳ, кори сохти ин ду истгоҳи барқи фишори қавӣ низ оғоз мешавад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷмиллиард киловатт/соат барқро бо хати СASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 баҳрабардорӣ мешуд, ҳудуи як миллиарддоллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳи 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллиондоллар аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: