Март 02, 2021 13:09 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин гуфтугӯ карданд
    Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин гуфтугӯ карданд

Раисиҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамтои чинии худ барои эъломи омодагии ин кишвар барои ирсоли ройгони ваксинаи корона қадрдонӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Эмомалӣ Раҳмон дар тамоси телефонӣ бо  Си Ҷинпин ҳамчунин дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, тарвиҷи тиҷорати электронӣ, ҳамлу нақл, мавзуоти амниятӣ, кишоварзи, илмӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Чин барои коҳиши паёмадҳои густариши вируси корона баҳсу табодул назар кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба рушди иқтисодӣ ва илмии Чин дар солҳои ахир ва решакан кардани фақр дар ин кишвар истифода аз таҷориби Пекинро дар ин замина хостор шуд.

Ҳамчунин дар ин гуфгугӯи телефонӣ мавзӯи раёсати давраии Тоҷикистон бар Созмони Ҳамкории Шанхай ва баргузории нишасти сарони кишварҳои узв дар Душанбе ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси ин созмон баррасӣ шуд.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп