Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни афғон ва тоҷик
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти 4 нафар аз аъзои як гурӯҳи муштараки қочоқчиёни афғон ва тоҷик бо 102 килограмм маводи мухаддир хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар пайи боздошти Ваҳидуллоҳ Мирафғон табааи Афғонистон ҳангоми қочоқи 102 килограм маводи мухаддир ба дохили Тоҷикистони ҳамдастони тоҷики вай низ шиносоӣ ва дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки Хуршед Абдуллозода сокини ноҳияи Ёвон, Шералӣ Шарифов сокини ноҳияи Панҷ ва Саид Давлатов сокини ноҳияи Ҳамадон аъзои ин гурӯҳ мебошанд, ки боздошт шудаанд.
Бо ин ҳол эълом шудааст, ки саркардаи тоҷики ин гурӯҳ Ҳоҷӣ Икром ва сокини ноҳияи Ёвон ва Ёқуб Абдулмаҷид табааи Афғонистон дигар узви ин гурӯҳ фирорӣ шудаанду ҷустуҷӯи онон идома дорад.
Тибқи ин гузориш, аз 102 кило маводи мухаддири дарёфтшуда ҳудуди 80 кило ҳашиш, 20 килову 72 грамм афюн ва 2,5 кило доруи равоншиносӣ будаанд.
Бештар бихонед: