Ширкати туркияӣ шаҳрдории Кӯлобро ба додгоҳ кашонд
Як ширкати туркияӣ шаҳрдории Кӯлобро барои пардохт накардани 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бобати ҳазинаи насби чароғ дар хиёбонҳои ин шаҳр, ба додгоҳ кашондааст.
Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, ду сол қабл ин ширкати туркӣ барои чароғонӣ кардани хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб 300 чароғ ворид кард, ки ниме аз ин таҷҳизот насб шудаву маблағи ин қарордод пардохт нашудааст.
Аммо Пираҳмад Қурбонов, муовини раиси идораи молии шаҳрдории Кӯлоб гуфтааст, ки дар матни қарордод бо ин ширкати туркияӣ мушаххас нест, ки чӣ наҳоде бояд маблағи чароғонӣ кардани хиёбонҳоро пардохт кунад.
Бо ин ҳол, Эрдуғон Фарҳат, мудири ширкати ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD дар номае ба дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки тарафи қарордоди ин ширкати туркӣ Идораи сохтмонсозии шаҳрдории Кӯлоб аст ва дар матни созишнома дар ин бора ишорае равшан вуҷуд дорад.
Аз сӯи дигар, Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки дар сурати таъмин шудани бахши даромадии буҷети шаҳрдорӣ талош хоҳад кард, ки қарзи ин ширкати туркияиро бипардозад.
Бештар бихонед:
- Эъломи ҷузиёти парвандаи шаҳрдори собиқи Кӯлоб ду моҳ пас аз маҳкумият
-
Мақомот: Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро ҷобаҷо мекунем то сел набарад