Муқаррароти ҷадиди вуруди атбои Тоҷикистон ба Туркия
Давлати Туркия муқаррароти ҷадидеро барои вуруди атбои Тоҷикистон иҷро мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки муддати поёни эътибори гузарномаи хориҷии атбои Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Туркия набояд аз 150 рӯз камтар бошад.
Ҳамчунин шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар баргаи вуруди худ ба Туркия бояд нишонии маҳалли иқомати худро сабт карда бошанд, дар ғайри ин сурат таҳти карантинаи илзомӣ қарор хоҳанд гирифт.
Илова бар ин мусофироне, ки бо парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Туркия ва Сомон Эйри Тоҷикистон ба Истанбул мераванд, бояд дар хусуси бемории Ковиди 19 гувоҳиномаи саломатро бо эътибори 72 соат қабл аз парвоз ба забони англисӣ пешниҳод кунанд.
Бар асоси ин муқаррарот, афроде ки чунин гувоҳинома надоранд ва ё ҳангоми парвоз аломатҳои ҳамчун таб дар онҳо мушоҳида шавад, ҳаққи саворшавӣ ба ҳавопаймо надоранд.
Доштани ниқоб ва дасткаш барои тамоми мусофирони тоҷик ҳангоми парвоз ба Туркия низ зарурист.
Бештар бихонед: