Афзоиши роҳкирои васоили нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд
Бо афзоиши нархи сӯхт дар Тоҷикистон роҳкиро дар васоили нақлиёти шаҳри Хуҷанд низ боло рафтааст, ки боиси нигаронии ронандагон ва мусофирон шудааст.
Ба гузориши сомонаи «ТОП ТҶ», теъдоде аз сокинони шаҳри Хуҷанд эълом кардаанд, ки таҳти таъсири гарон шудани қимати сӯхт ва афзоиши роҳкирои нархи маҳсулоти кишоварзӣ низ дар бозорҳои маркази вилояти Суғд афзоиш ёфтааст.
Ҳамакнун қимати ҳар литр сӯхти дизелӣ (солярка) ва бензин аз 6 сомониву 60 дирам ба 8 сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки мақомоти ширкатҳои ҳамлунақл мегӯянд, барои таъмиру нигаҳдории васоили нақлиёт маҷбур ҳастанд, ки қимати роҳкироро афзоиш диҳанд.
Мурод Қодиров, мудири идораи ҳамлунақли умумӣ дар вилояти Суғд мегӯяд: «Дар ҳоли ҳозир 5 ҳазор автобус ва минибус дар қаламрави вилоят мусофир ҷобаҷо мекунанд, ки танҳо дар шаҳри Хуҷанд 50 автобус ба мусофирон хидмат мерасонад».
Ба гуфтаи Қодиров, ҳамчунин 110 ширкати хусусӣ фаъолияти беш аз 2 ҳазор минибусро танзим мекунанд.
Нигаҳдории ин ҳама васоили нақлиёт ниёз ба манобеи молӣ дорад ва дар шароити афзоиши нархи сӯхт роҳи дигаре ба ғайр аз боло бурдани нархи роҳкиро вуҷуд надорад.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт аз ин кишвар ба Тоҷикистон нерӯи низомӣ фиристодааст, ки ба гуфтаи коршиносон боиси афзоиши бештари нархи сӯхт дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Кумак гирифтани Қирғизистон аз артиш барои ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт ба Тоҷикистон
- Қимати сӯхти дизелӣ ва бензин дар Тоҷикистон ҳамчунон боло меравад