Март 11, 2021 21:51 Asia/Dushanbe
  • музокироти  гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Чин дар мавриди азсаргирии фаъолияти гузаргоҳи марзии Қулма
    музокироти гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Чин дар мавриди азсаргирии фаъолияти гузаргоҳи марзии Қулма

Гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Чин бозгушоӣ мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии  Осиёи марказӣ, музокироти  гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Чин дар мавриди азсаргирии фаъолияти гузаргоҳи марзии Қулма дар марзи ду кишвар ба таври видеоӣ  баргузор шуд.

   Раёсати ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот Азим Иброҳим-вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва тарафи муқобилро Жонг Чиёнг Линг-муовини аввали минтақаи худмухтори Син Киёнги Чин бар ӯҳда доштанд.

 Ба намояндагӣ аз тарафи Тоҷикистон дар ин музокирот ҳамчунин намояндагони вазорати тандрустӣ ,дохила, хориҷа,хадамоти гумрук, кумитаи амнияти ғизоии ин кишвар ширкат карданд .

   Тарафҳо дар ин музокирот тавофуқ карданд барои азсаргирии дубораи фаъолияти гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Чин иқдомоти муштараке иҷро кунанд.

   Гузаргоҳи марзии Қулма аз ибтидои октябри соли гузашта то кунӯн баста аст .

  Чин баъд аз Русия ва Қазоқистон сеюмин кишвари содиркунанда маҳсулот ба бозори Тоҷикистон аст .

   Арзиши табодулоти молии байни Тоҷикистону Чин дар соли гузашта нисбат ба соли 2019 тақрибан 20 дарсад коҳиш ёфтааст .

 Бештар бихонед :

 

Барчасп