Тоҷикистон дар ҳолу ҳавои Наврӯз
Дар остонаи фаро расидани иди Наврӯз, майдони марказии шаҳри Душанбе бо намоди миллии соли нав зиннат дода шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бо ибтикору сармоягузории бозаргонони маҳаллӣ дар майдони марказии шаҳри Душанбе сабзае ба баландии 30 метр ба намоиш гузошта шудааст.
Бино бар дастури Ситоди марказии пешгирӣ ва муқобила бо ҳамагирии корона дар Тоҷикистон, иди Наврӯзи имсол дар ин кишвар ба сурати густарда мамнуъ эълом шуда ва баргузории консерт ва рӯйдодҳои варзишӣ танҳо дар 4 минтақаи шаҳри Душанбе, он ҳам бо риояти тамоми қаидаҳои беҳдоштӣ муҷоз аст.
Ҳамчунин ҳамзамон бо наздик шудани баҳор суннати пухти суманак дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иҷро мешавад, ғизое, ки рамзи сарсабзӣ ва саломативу баракат дар вуруд ба соли нав ба шумор меравад.
Бештар бихонед:
- Чаҳоршанбе: Нишасти он-лайнии «Наврӯз дар Афғонистон ва Тоҷикистон»
- Ширкати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими гиромидошти Наврӯз дар Хуҷанд