Тадвини барномаи тавсеаи миёнмӯҳлати иқтисоди Тоҷикистон
(last modified Sun, 28 Mar 2021 09:27:34 GMT )
Март 28, 2021 14:27 Asia/Dushanbe
  • Тадвини барномаи тавсеаи миёнмӯҳлати иқтисоди Тоҷикистон
    Тадвини барномаи тавсеаи миёнмӯҳлати иқтисоди Тоҷикистон

Тоҷикистон барномаи тавсеаи иқтисодии миёнмӯҳлатро барои солҳои 2021 то 2025 тадвин кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати иқтисоди Тоҷикистон, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт: Барои иҷрои ин барномаи  5-сола 115 миллиард сомонӣ ниёз аст. 

Ба гуфтаи Завқи Завқизода дар ин барнома 756 ёддошт барои расидан ба ҳадафҳои миёнамӯҳлат бо истифода аз тамоми захираҳо ва имконоти мавҷуда пешниҳод шудааст.

Ӯ гуфт: Миёнгини ​​рушди солонаи тавлиди нохолиси дохилии кишвар дар соли гузашта ҳудуди 7 дарсад ва тавлиди нохолиси дохилӣ низҳудуди 1, 6 дарсад баробар афзоиш ёфт. 

  Вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистони афзуд: Саҳми содирот дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон низ аз 20 дарсад ба 26 дарсад ва саҳми воридот аз 80 дарсад ба 74 дарсад коҳиш ёфт.

Завқизода хотирнишон кард бар асоси эъломи Бонки ҷаҳонӣ, мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар коҳиши расмияти савдо 59 зина ва дар рейтинги савдои хориҷӣ 32 зина беҳтар шудааст.

 

Бештар бихонед: