Мулоқоти вазирони дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i64454-Мулоқоти_вазирони_дохилии_Тоҷикистон_ва_Афғонистон_дар_шаҳри_Душанбе
Вазирони корҳои дохилии Афғонистон ва Тоҷикистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 30, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • Дар ин дидор Рамазон Раҳимзода ва Ҳаётуллоҳи Ҳайат роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд
    Дар ин дидор Рамазон Раҳимзода ва Ҳаётуллоҳи Ҳайат роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои дохилии Афғонистон ва Тоҷикистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба барои мубориза бо терроризм ва ҷароими созмонёфта табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин дидор Рамазон Раҳимзода ва Ҳаётуллоҳи Ҳайат роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир бо ҳадафи эҷоди сулҳу субот дар минтақаро баррасӣ карданд.

Тарафайн таъкид карданд, ки равобити байни нерӯҳои интизомии ду кишвари Афғонистон ва Тоҷикистон бояд беш аз пеш тақвият шавад.

 

Бештар бихонед: