Талоши Тоҷикистон барои афзоиши муомилоти тиҷории хориҷии худ ба беш аз 5 миллиард доллар
(last modified 2021-03-31T06:38:49+00:00 )
Март 31, 2021 11:38 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои афзоиши муомилоти тиҷории хориҷии худ ба беш аз 5 миллиард доллар
    Талоши Тоҷикистон барои афзоиши муомилоти тиҷории хориҷии худ ба беш аз 5 миллиард доллар

Тоҷикистон барои афзоиши муомилоти тиҷории хориҷии худ ба беш аз 5 миллиард доллар тайи се соли оянда барномарезӣ кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси  ин барнома дар соли ҷорӣ ин шохис ба 4 миллиарду 900 миллион доллар, дар соли 2022 ба 5 миллиарду 100 миллион доллар ва дар соли 2023 ба 5 миллиарду 38 миллион доллар хоҳад расид. 

Ҳамчунин расондани содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷ ба мизони 1 миллиарду 500 миллион доллар тайи се соли оянда барномарезӣ шудааст.

Бо ин ҳол дар сурати иҷроӣ шудани ин барнома ҳамчунони тарози тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба нафъи воридот хоҳад буд, ки се баробар бештар аз содирот мебошад. 

 Гуфта мешавад, ки тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд дувуним баробар дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли 2020 афзоиш ёфта ва ба 409 миллиону 400 ҳазор доллар расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп