Ҷидоли лафзии вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон
(last modified 2021-04-01T16:27:16+00:00 )
Апрел 01, 2021 21:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамрохон Зарифӣ: Ворух ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистон аст ва таҳти ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд
    Ҳамрохон Зарифӣ: Ворух ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистон аст ва таҳти ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд

Ихтилофи Душанбе ва Бишкек бар сари ҷамоати Ворух сабаби ҷидоли лафзии вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, ихтилофи Душанбе ва Бишкек бар сари Ворух, ки тобеи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон аст, мунҷар ба вокуниши вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон дар посух ба пешниҳоди генерал Қамчибек Тошиев барои вогузории Ворухи ноҳияи Исфара бо 12 ҳазор гектар масоҳат ва 30 ҳазор нафар ҷамъият дар ивази 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд ба Қирғизистон, вокуниш нишон дод.

Вай таъкид кард, ки Ворух ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистон аст ва таҳти ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд.

Зарифӣ ин пешниҳоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро ғайриқобили иҷро донист.

Аммо Тошиев низ дар посух ба интиқодоти Зарифӣ гуфт: Ин фақат як пешниҳод буд, ки ба таври расмӣ ба тарафи Тоҷикистон ироа шуд ва бо ин пешниҳод Зарифӣ душмании худро бо Қирғизистон ошкор кард.

Дар посух ба ин мавзеъгирии мақоми қирғиз, Зарифӣ навиштааст, ки барои миллати Қирғизистон эҳтироми зиёде қоил аст ва дар ин кишвар дӯстони зиёде дорад.

Ӯ афзуд: Бо ин ҳол иҷоза намедиҳем дар бораи қаламрави Тоҷикистон ва сокинони он, ки ҳазорон сол аст дар ин сарзамин зиндагӣ мекунанд, чунин пешниҳдоти ғайриқобили пазириш матраҳ шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп