Нархҳои нуҷумии ширкати “Уралские Авиалинии” барои интиқоли мусофирони тоҷик ба Русия
Ширкати “Уралские Авиалинии” (Хутути ҳавоии Урал) -и Русия нархи фурӯши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба 7 шаҳри Русияро мунташир кардааст, ки гумон намеравад барои коргарони муҳоҷири тоҷик муносиб бошад.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, эъломи фурӯши билети ин ширкати ҳавопаймоии русӣ рӯзи 5 апрел мунташир шуд ва дар маҳалҳои фурӯши билет дар Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки ширкати ёдшуда ба 7 шаҳр, аз ҷумла Маскав, Санкт – Петербург, Новосибирск, Самара, Уфа, Екатеринбург, ва Қазон мусофирони тоҷикро мунтақил хоҳад кард.
Аммо нархи билети ин ширкат барои парвозҳои ҳафтагӣ аз Душанбе ба Санкт –Петербург 10 ҳазору 804 сомонӣ, Хуҷанд ба Екатеринбург 11 ҳазору 258 сомонӣ, Кӯлоб ба Екатеринбург 8 ҳазору 422 сомонӣ ва Бохтар ба Екатеринбург 7 ҳазору 500 сомонӣ таъйин шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи ин парвоз иттилое надорад.
Ҳамчунин талошҳо барои тамос бо намояндагии ширкати ҳавопаймоии Урали Русия ва касби иттилоъ дар бораи иллати гаронии билет ба ҷое нарасидааст.
Аз сӯи дигар, пас аз нахустин парвози муназзами ҳафтаӣ миёни Тоҷикистону Русия тавассути ду ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “ЮтЭйр”, Икром Субҳонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон бо интиқод аз гаронии нархи билет гуфт: “Бо вуҷуди таъйини қимати билети рафту баргашт дар ин масир ба қимати 500 доллар теъдоди зиёде аз мусофирон аз гарон шудани қимати билет шикоят кардаанд.
Ҳамчунин ба далели зиёд будани теъдоди мусофирон ва ба вижа коргарони муҳоҷири тоҷик қимати билет дар масири Душанбе ба Маскав 350 доллар ва дар масири баргашт, ки мусофир камтар аст, 150 доллар таъйин шудааст.
Раиси созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон таъкид кард: “Ин дар ҳоле аст, ки мусофирон бо интишори аксҳое аз билетҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кардаанд, ки билети масири Душанбе ба Маскавро 8 то 9 ҳазор сомонӣ (наздик ба 800 то 900 доллар) харидорӣ кардаанд.
Субҳонзода ҳушдор додааст, ки аз ин пас қимати билети парвозҳо таҳти назорати кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хоҳад буд ва гаронфурӯшон муҷозот хоҳанд шуд.
Бештар бихонед:
- Билети парвозҳои Тоҷикистон ба Русия то авохир апрел фурӯхта шуд
- Гаронфурӯшии билет дар парвозҳои Душанбе – Маскав
- Дувумин парвози муназзам миёни Душанбе ва Маскав бо таъхир анҷом шуд