Саид Нуриддин Раззоқов озод шуд, аммо наметавонад ба Русия баргардад
Рӯҳонии тоҷик ва имомхатиби собиқе масҷиде дар минтақаи Урали Русия, ки рӯзи 24 март боздошт ва зимни лағви тобеияти русиаш ихроҷ шуд, акнун гарчи озод шудааст, аммо наметавонад ба Русия баргардад.
Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз сомонаи Пресса, вай гуфтааст, ки пас аз бозҷӯӣ дар Комитети давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттиҳоми иртиботаш бо фирқаи салафия собит нашуда ва акнун озод аст ва дар хонаи бародараш ба сар мебарад.
Саид Нуриддин Раззоқов таъкид кардааст, ки дар Русия афроди ношинос вайро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
Вай акнун қасд дорад, ки дубора ба назди хонаводааш ба Русия баргардад, аммо гузарномаи тобеияти русии вай лағв шуда ва бояд барои ин кор нахуст шиносномаи тоҷикистонӣ дарёфт намояд.
Ҳафтаи гузашта мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амон дар Русия низ лағви тобеият шуда ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, ки мақомоти Вазорати корҳои дохилаи ин кишвар иттиҳоми вайро қаллобӣ аз бародари яке аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Маскав унвон кардаанд.
Бештар бихонед: