Апрел 07, 2021 16:13 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар аз минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара низ дидан кунад
    Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар аз минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара низ дидан кунад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи саноатӣ, омӯзишӣ ва дармонӣ ва дидор бо сокинони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ба вилояти Суғд сафар кардааст, вориди маркази ин минтақа шуд.

Ба гузориши сомонаи "Спутник", дар ин сафар теъдоде аз марокизи саноатӣ ва иҷтимоӣ ба муносибати 30 –юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Аммо муҳимтарин ҳадафи сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор бо сокинони ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара хоҳад буд, ки бо баҳрабардорӣ аз хутути лӯлаи обрасонӣ барои 9 ҳазор нафар, кохи фарҳанг, мактаб ва майдонҳои варзишӣ ҳамроҳ аст.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати Ворух ҳамзамон бо ҷидоли лафзӣ миёни мақомоти тоҷик ва қирғиз бар сари ин минтақаи марзӣ аст, ки бахше аз хоки Тоҷикистон аст, вале дар дохили қаламрави Қирғизистон воқеъ шудааст.

 

Тарафи қирғизистонӣ пешниҳод карда буд, ки ин ҷамоат бо 30 ҳазор ҷамъияти тоҷикаш ба он кишвар вогузор гардад ва дар баробари ин муомила Бишкек омодааст 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд ба Тоҷикистон эъто намояд.

Ин тарҳ бо мухолифати шадиди корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он рӯ ба рӯ шуд ва таҳти ин фишорҳо тарафи Қирғизистон эълом кард, ки ин изҳорот танҳо як пешниҳод будааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп