Генерал Шералӣ Мирзо: Бо бахше аз тавони низомии Эрон ошно шудем
Вазири дифоъи Тоҷикистон гуфт: Дар сафари серӯза ба Теҳрон бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак пас аз дидор бо ҳамтоии эронии худ дар Теҳрон дар оғоз гуфт : «Аз вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳӯрии исломии Эрон барои даъват ва анҷоми ин сафар ба сарзамини қадимии Эрон ва меҳмоннавозиашон ташаккур мекунам . »
Вай афзуд : « Сафари расмии ман ва ҳайати ҳамроҳам аз Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба Эрон дар рӯзҳое аст, ки миллатҳои ду кишвар Наврӯзро ҷашн гирифтаанд, ба ҳамин далел бо истифода аз ин фурсат мехоҳам иди Наврӯзро ба миллати Эрон табрик бигӯям .»
Вазири дифои Тоҷикистон дар идома бо ишора ба раванди музокироти анҷомшуда дар се рӯзи сафараш ба Теҳрон, изҳор дошт : «Дар ин се рӯз дидору музокироти хубе бо вазири дифои Эрон доштем ва аз наздик бо бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳӯрии исломии Эрон ошно шудем .»
Вай баҳсу гуфтугу дар бораи амнияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин таҳдидҳои муштаракро аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугу бо вазири дифои Эрон эълом кард ва гуфт : «Мо афзоиши амният ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаро дар гарави густариши ҳамкории минтақаӣ медонем, ҳамчунин муътақидем ҳамкорӣ миёни ду кишвар метавонад ба амнияти ду кишвар кумак кунад .»
Генерал Шералӣ Мирзо ҳамчунин гуфт, ки аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Бештар бихонед :
-
Вазири дифои Эрон: Эрону Тоҷикистон дар таҳдиди тероризм ҳастанд
-
Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон