Ширкати чинӣ барои поймол кардани ҳуқуқи коргарони тоҷик ҷарима шуд
(last modified Fri, 09 Apr 2021 16:24:11 GMT )
Апрел 09, 2021 21:24 Asia/Dushanbe
  • Ба мудирияти чинии ин ширкат як моҳ муҳлат дода шудааст, ки ин мушкилотро бартараф кунад
    Ба мудирияти чинии ин ширкат як моҳ муҳлат дода шудааст, ки ин мушкилотро бартараф кунад

Хадамоти давлатии назорат бар амнияти шуғлии Тоҷикистон бар асоси шикояти коргарони тоҷики кони тиллои Покрӯд дар ноҳияи Ваҳдат, ки дар ихтиёри ширкати чинии China Nonferrous Gold Limited аст, ин ширкатро ба пардохти 1500 сомонӣ (133 доллар) ҷарима маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, коргарони тоҷики ин кон аз мудирияти чинии ин ширкат ба далели нақзи қонуни кор, карантини иҷборӣ ва додани танҳо як рӯз мурраххасӣ дар моҳ шикоят карда буданд.

Хадамоти давлатии назорат бар амнияти шуғлии Тоҷикистон эълом кардааст, ки мавориди нақзи ҳуқуқи коргарони тоҷик дар ин кон таъйид шудааст ва масъулони чинии ин ширкат ба таври худсарона ҳар навъ хуруҷи тоҷикҳо аз маҳалли корашонро ба муддати се моҳ мамнуъ карда буданд.

Акнун ба мудирияти чинии ин ширкат як моҳ муҳлат дода шудааст, ки ин мушкилотро бартараф кунад.

Кони тиллои Покрӯд дар 120 километрии шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Ваҳдат воқеъ шудаву захоири он 100 тон тилло эълом шудааст.

 

Бештар бихонед: