Лағви мануъияти вурӯди мошинҳои боркашии Тоҷикистон ба Чин
(last modified Wed, 01 Feb 2023 06:12:04 GMT )
Феврал 01, 2023 11:12 Asia/Dushanbe
  • Лағви мануъияти вурӯди мошинҳои боркашии Тоҷикистон ба Чин
    Лағви мануъияти вурӯди мошинҳои боркашии Тоҷикистон ба Чин

Мамнуъияти мошинҳои боркашии Тоҷикистон ба Чин пас аз се сол лағв шуд.

Ба гузорши Садои Хуросон, Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз ворид шудани мошинҳои боркашии Тоҷикистон паз аз гузашти се сол аз густариши  бемории Короно ба Чин хабар дод.

Ин Вазорахона дар баёнияе, эълом кард: Пас аз се сол таълиқ ба далели вируси Короно, барои аввалинбор  мошинҳои боркашии Тоҷикистон вориди хоки Чин шуданд.

Аз соли 2020 ба  далели вируси Короно мошинҳои боркашии Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки кишвари ҳамсояро надоштанд ва борро мошинҳшои борбарии чинӣ то марзӣ Тоҷикистон ҳамл мекарданд.