Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши қарзи андоз ва истифода нашудан аз зарфияти истеҳсоли ангиштсанг дар Суғд
(last modified 2021-04-11T08:11:06+00:00 )
Апрел 11, 2021 13:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон : Шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Зафаробод бештарин қарзи андозро доранд
    Раҳмон : Шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Зафаробод бештарин қарзи андозро доранд

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар натиҷагирӣ аз сафари ахири худ ба вилояти Суғд аз афзоиши қарзи андоз ва истифода нашудан аз зарфияти истеҳсоли ангиштсанг дар шимоли ин кишвар ибрози норизоятӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбӯотии раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо мақомоти шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, аз натиҷаҳои сафари худ ба ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Гулистон нигаронии худ аз афзоиши  қарзи андоз ва истифода нашудан аз зарфияти тавлиди ангиштсанг дар ин манотиқ сухан гуфт .

  Раҳмон таъкид кард, ки бар асоси барномаи гиромидошти сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд бояд 6 ҳазору 231 марказу таъсисот сохта ва бозсозӣ шавад, ки ин тарҳ беш аз 82 дарсад иҷроӣ шудааст .

    Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон изофа кард : Дар вилояти суғд дар соли 2020 ва се моҳи нахусти имсол қарзи андоз ба 78 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расида, ки ин мушкил дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Зафаробод бадтарин вазъиятро дорад .

  Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба беш аз чаҳор миллиард тон захираҳои шиносоишудаи ангиштсанг дар Тоҷикистон идома дод : 93 дарсади ин захоир дар қаламрави вилояти Суғд воқеъ шуда ва акнун дар ин вилоят 5 кони истихроҷи ангиштсанг фаъол аст, ки дар соли 2020 беш аз 1 миллиону 761 ҳазор тон ё 87 дарсади кулли ин навъи сӯзишвориро истеҳсол ва ба фуруш гузоштааст.

  Вай таъкид кард : Ин дар ҳоле аст, ки ҳануз аз ин зарфияти азими тавлиди ангиштсанг истифодаи муносиб нашудааст ва бояд барои афзоиши истихроҷ,эҷоди шуғл ва пардохти қарзи корхонаҳову марказҳои тавлидӣ ба ширкатҳои истихроҷи ангиштсанг барномарезӣ шавад .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп